ҶСК «Ориёнбонк» дар пойтахт банкомати нав насб мекунад

            Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» тасмим гирифтааст, дар пойтахти кишвар боз як банкомати нав насб созад. Бо мақсади вусъат додани самтҳои мавҷуда ва азхуд намудани самтҳои нави бизнес, инчунин таъмини имкониятҳои беҳтарин барои мизоҷони худ, дорандагони кортҳои бонкӣ, Ориёнбонк шабакаи банкоматҳои худро на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои дурдасти […]

root



           

Душанбе. 17-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк» тасмим гирифтааст, дар пойтахти кишвар боз як банкомати нав насб созад.




Бо мақсади вусъат додани самтҳои мавҷуда ва азхуд намудани самтҳои нави бизнес, инчунин таъмини имкониятҳои беҳтарин барои мизоҷони худ, дорандагони кортҳои бонкӣ, Ориёнбонк шабакаи банкоматҳои худро на танҳо дар пойтахт, балки дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ васеъ мегардонад.



Аз семоҳаи чоруми соли 2008, банкоматҳои наве, ки дар фурудгоҳи шаҳри Чкалови вилояти Суғд, дар филиалҳои шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва Норак, инчунин дар майдончаи сохтмонии ГЭС-и Роғун муқаррар карда шуданд, ба кор шурӯъ намуданд. Барои боз ҳам бароҳат амалӣ гардонидани пардохтҳои ғайринақдии молу хизматҳо дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бонк инчунин Pos-терминалҳоро устувор менамояд, ки он ба кормандон ва мизоҷони бонк бе иштироки пули нақд пардохт намудани молу хизматҳоро имкон медиҳад.



Рӯзҳои наздик устувор намудани боз як банкомат дар бинои телевизиони Сафина, ки бо он шартнома ба имзо расидааст, пешбинӣ шудааст.



Ба санаи интиҳоии ҳисоботии соли 2008 шумораи дорандагони кортҳои пластикии ҶСК «Ориёнбонк» то ба зиёда аз 14 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ду маротиба зиёдтар буда, афзудани боварии мизоҷон ба бонк ва хизматрасонии бонкиро тасдиқ менамояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.