Дар Ҷоми Иттиҳод «Регар-ТадАЗ» дар зергурӯҳи худ пас аз ду бозӣ дар мақоми охир қарор дорад

Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо як бохт ва як мусовӣ дар давраи 17-уми Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, дар ҷадвали гурӯҳи “С” дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ҷоми Иттиҳод бо ширкати 16 даста рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Маскав оғоз гардида, то 25-уми январ […]

Шавкат Раҳматуллоев


Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо як бохт ва як мусовӣ дар давраи 17-уми Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, дар ҷадвали гурӯҳи “С” дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ҷоми Иттиҳод бо ширкати 16 даста рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Маскав оғоз гардида, то 25-уми январ идома хоҳад кард.




Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозиашро бо қаҳрамони Эстония дастаи “Левадия” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод. Дар вохӯрии дуюм дастаи мо бо натиҷаи 1 бар 2 аз тими “Шериф” Тирасполи Молдова шикаст хӯрд.



Пагоҳ 20-уми январ, дар охирин бозии гурӯҳӣ, “Регар-ТадАЗ” бо ҳайати дуюми тими “Шахтёр”-и Украина зӯрозмоӣ мекунад. Сарфи назар аз ин ҳама, дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳанӯз шонси баромадан аз зергурӯҳро дорад. Аммо ин, танҳо дар сурати шикасти “Левадия” аз пешсафи гурӯҳ – дастаи “Шериф”-и Молдова ва ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бар тими “Шахтёр”-и Украина имконпазир мегардад. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Шахтёр” пагоҳ соати 17 ба вақти Душанбе, дар варзишгоҳи Динамои шаҳри Маскав оғоз мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.