Кӯлоб. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи соли 2008 аз сӯи шӯъбаҳои ҳамаи бонкҳои кишвар дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пулҳои кӯҳнаву фартут ба маблағи умумии 5 миллиону 478 ҳазор сомонӣ аз муомилот бароварда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб – Абдукарим Неъматов хабар дод, наздики 1 миллиону 800 ҳазор сомонии пулҳои кӯҳнашуда дар шӯъбаи Бонки Миллӣ, 1 миллион 677 ҳазор сомониаш дар шӯъбаи «Агроинвестбонк» ва наздики 1 миллиону 200 ҳазораш дар шӯъбаи «Амонатбонк» ба пулҳои нав иваз карда шуданд.
Ба гуфтаи Неъматов, аз ҷараён хориҷ ва иваз кардани пулҳои коғазии кӯҳна ба нав ба қурби сомонӣ ҳеҷ таъсире намерасонад, зеро аз 30-юми октябри соли 2000-ум, яъне рӯзи ба муомилот бароварда шудани пули миллии сомонӣ дар Тоҷикистон, феълан танҳо аз се як қисми маҷмӯи пулҳои чопшуда мавриди истифода қарор доранду халос.


