Соли 2008 дар Кӯлоб ба маблағи умумии беш аз 5 млн. сомонӣ пулҳои кӯҳнаву фартут аз муомилот бароварда шуд

Кӯлоб. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи соли 2008 аз сӯи шӯъбаҳои ҳамаи бонкҳои кишвар дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пулҳои кӯҳнаву фартут ба маблағи умумии 5 миллиону 478 ҳазор сомонӣ аз муомилот бароварда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб – Абдукарим Неъматов хабар дод, наздики 1 миллиону […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи соли 2008 аз сӯи шӯъбаҳои ҳамаи бонкҳои кишвар дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пулҳои кӯҳнаву фартут ба маблағи умумии 5 миллиону 478 ҳазор сомонӣ аз муомилот бароварда шуданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб – Абдукарим Неъматов хабар дод, наздики 1 миллиону 800 ҳазор сомонии пулҳои кӯҳнашуда дар шӯъбаи Бонки Миллӣ, 1 миллион 677 ҳазор сомониаш дар шӯъбаи «Агроинвестбонк» ва наздики 1 миллиону 200 ҳазораш дар шӯъбаи «Амонатбонк» ба пулҳои нав иваз карда шуданд.




 

Ба гуфтаи Неъматов, аз ҷараён хориҷ ва иваз кардани пулҳои коғазии кӯҳна ба нав ба қурби сомонӣ ҳеҷ таъсире намерасонад, зеро аз 30-юми октябри соли 2000-ум, яъне рӯзи ба муомилот бароварда шудани пули миллии сомонӣ дар Тоҷикистон, феълан танҳо аз се як қисми маҷмӯи пулҳои чопшуда мавриди истифода қарор доранду халос.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.