Душанбе. 2-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вазорат ба хоҷагиҳое, ки ҳосилнокии пахта дар онҳо аз 25 дарсад зиёд нест, кишти пунбадонаро тавсия намедиҳад.
Аз нигоҳи ӯ, бо чунин ҳосилнокии паст хоҷагиҳо худкифо нахоҳанд буд ва вазорат онҳоро маҷбур нахоҳад сохт, ки пунбадона кишт кунанд, баръакс, барои гузаштани онҳо ба кишти зироати навъи дигар мусоидат мекунад.
Дар мавриди механизми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор Қ.Қосимов чунин ибрози андеша намуд, ки аз 140 млн. сомонии қарзҳои бонкҳо то имрӯз 33 млн. сомонии он баргардонида шудааст ва 2 млн. сомонӣ аз фоизи ин қарзҳои низ пардохта шудааст. «Аммо хоҷагиҳоро зарур аст, қарзҳоро зудтар пардохт намоянд, то имкон дошта бошанд, ки баҳорон дубора қарз гиранд», – гуфт ӯ.
Вазири кишоварзӣ зикр кард, ки соли ҷорӣ ҳукумат барои дастгирии бахши пахтакорӣ ҷудо кардани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст. Нақшаи пешакии ҷамъоварии ҳосили пунбадона низ зиёд гардида, соли 2009 ҳаҷми он бояд 580 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ майдони кишти пахта дар кишвар ба андозаи 28 ҳазор гектар кам карда шуда, он 202 ҳазор гектарро ташкил хоҳад дод.
Қ.Қосимов мутмаин аст, ки сарфи назар аз кам кардани майдони кишт, бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо нуриҳои минералӣ метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ аз 30 ҳазор хоҷагии деҳқонии мавҷуда 21 ҳазори он ба истеҳсоли пахта машғуланд.


