Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон соли гузашта беш аз 400 парванда баррасӣ шуд

            Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз парвандаҳои баррасишуда дар соли 2008 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳудуди 6 млн. сомонӣ, 23 ҳазор $ ва наздики 109 ҳазор Евро ба фоидаи даъвогарон қаноат карда шудааст.             Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодӣ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки дар давраи соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 23-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аз парвандаҳои баррасишуда дар соли 2008 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳудуди 6 млн. сомонӣ, 23 ҳазор $ ва наздики 109 ҳазор Евро ба фоидаи даъвогарон қаноат карда шудааст.





           

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодӣ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки дар давраи соли гузашта 402 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтаааст, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 40 адад камтар аст.




           

А.Ғоибназаров зикр кард, ки 140 парванда дар марҳилаи аввал, 96 парванда дар марҳилаи шикоятӣ, 141 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 23 парванда дар Раёсат, 2 парванда дар Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ ва 190 адад арзу шикоятҳо баррасӣ карда шуданд.




           

А.Ғоибназаров таъкид сохт, ки ба фоидаи буҷаи давлат аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ каме бештар аз 533 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. «Инчунин Суди Олии иқтисодӣ як қатор парвандаҳоро вобаста ба баргардонидани қарзи андоз баррасӣ намуда, ба маблағи 3 млн. 389 ҳазору 209 сомонӣ талаботи даъворо қонеъ сохт», – афзуд ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.