П.Муҳиддинов: Қатъи назар аз муқобил будани касе, нерӯгоҳи Роғун бунёд хоҳад шуд

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -



           

Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни як нишасти хабарӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов дар мавриди шарҳи муроҷиати президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба президенти Русия оид ба гуфтушунид ва дахолати ин кишвар дар ҳалли масоили истифодаи захираҳои об бо Тоҷикистону Қирғизистон изҳор дошт, ки чунин изҳороти манфии ҷониби Ӯзбекистон бобати бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бори аввал садо намедиҳанд.





           

Ба гуфтаи ӯ, моҳи декабри соли гузашта муовини аввали сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азизов дар Тошканд зимни мулоқот бо ҳайати кишвари мо гуфтааст, Ислом Каримов аз нақшаи бунёди сарбанди 347-метра дар нерӯгоҳи Роғун норозӣ будааст. «Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ва мусоидати Бонки ҷаҳонӣ вазорат коршиносони хориҷиро ҷиҳати ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ даъват кард ва пас аз гузаронидани ташхис онҳо ба хулоса омаданд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба вазъи экологӣ ва мизони ҷоришавии об ҳеҷ таъсири манфие нахоҳад гузошт ва кишварҳои ҳаммарз набояд аз он изҳори нигаронӣ намоянд», – гуфт ӯ.


- Advertisement -



           

Муовини вазир гуфт, натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳониро ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ҷуз Ӯзбекистон маъқул шумориданд. «Ҷониби Ӯзбекистон ду маротиба дархости Бонки ҷаҳониро оид ба шиносоӣ бо натиҷаҳои ташхис рад сохт», – гуфт П.Муҳиддинов.




           

П.Муҳиддинов ҳамчунин зикр кард, ки шакли ниҳоии заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ахири соли ҷорӣ омода хоҳад шуд. «Нерӯгоҳи Роғун қатъи назар аз муқобил будани касе бунёд хоҳад шуд», – таъкид сохт муовини вазир.




           

Номбурда афзуд, чанде аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ хоҳиш кардаанд, ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармоягузорӣ намоянд. «Дар сохтмони нерӯгоҳ сармоягузорони хориҷӣ ширкат варзида метавонанд, вале саҳмияи назоратии иншоотро Тоҷикистон соҳиб хоҳад буд», – афзуд П.Муҳиддинов.


- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы