Кӯлоб. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Директори тозатаъини муассисаи шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб Миралӣ Қаландаров изҳор дошт, ки ба аксари сокинони манзилҳои истиқоматӣ субҳ аз соати 5 то 7 ва шом аз соати 18 то 19.30 дақиқа нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Ӯ мегӯяд, ки дар ин вақт ба шаҳр то 30 мегаватт ва вақти боқимондаи шабонарӯз ҳамагӣ 12 мегаватт барқ интиқол дода мешавад, ки ин миқдор барои таъминоти иншооти ҳаётан муҳим бо душворӣ басанда аст.
Ба гуфтаи М.Қаландаров, талаботи шаҳр дар як шабонарӯз ба 70 мегаватт баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, аз муассисаи минтақавии шабакаҳои барқ иттилоъ доданд, ки дар деҳоти минтақа интиқоли барқ пурра қатъ гардидааст.


