Тоҷикистону Миср дар бахшҳои таъмини иттилоотиву варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

            Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фарҷоми ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои таъмини иттилооту варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.             Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар соҳаи роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву […]



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фарҷоми ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ миёни кишварҳо дар бахшҳои таъмини иттилооту варзиш Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар соҳаи роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ протокол ба тасвиб расиддаст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати давлати Миср роҳандозву густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои энргетика, саноат ва кишоварзӣ низ муҳим арзёбӣ намудааст. «Мо дар соҳаи ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдорем, зеро солҳои 60-уми асри гузашта бо кӯмаки бинокорони шӯравӣ, ки дар қатори онҳо мутахассиони тоҷик низ буданд, дар Миср нерӯгоҳи барқии Асуан бунёд гардид», – гуфт роҳбари ҳайати Миср, вазири ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар хонум Фоиза Абуннаҷо.




           

Хонум Фоиза Абуннаҷо таъкид сохт, ки Миср омода аст бо Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад. «Вазорати энергетикаи Миср лоиҳаҳои мушаххас дар бахши энергетикаи Тоҷикистонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳад дод», – афзуд роҳбари ҳайати Миср.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.