Соли ҷорӣ дар дафтари кории ИДМ ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони ваколатдори кишварҳо баргузор шуд

            Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви иттиҳод дар соли равон баргузор шуд.             Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти кумита, дар ҷаласа масъалаи тақсими мансабҳо аз рӯи квотаҳои ҷудошуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон тезонидани ҷараёни таъини […]



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Минск дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи нахустини Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви иттиҳод дар соли равон баргузор шуд.





           

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти кумита, дар ҷаласа масъалаи тақсими мансабҳо аз рӯи квотаҳои ҷудошуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон тезонидани ҷараёни таъини намояндагонро ба мансабҳои квотавӣ мувофиқи мақсад донистанд.




           

Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои узви ИДМ нақшаи кори шӯроро барои соли 2009 тасдиқ намуд. Дар давоми соли ҷорӣ ба масъалаи амалисозии чорабиниҳо мувофиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, татбиқи қарорҳо дар бахши сиёсати ҷавонон, фаъолияти сохторҳои байнисоҳавии иттиҳод, соҳаи амният ва мушкилоти мавҷудаи муҳоҷират таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.