Соли ҷорӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахши кишоварзӣ беш аз 51 млн. $ маблағ ҷудо карданист

Date:



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли ҷорӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахши кишоварзӣ 180 млн. сомонӣ (беш аз 51 млн. $) маблағ ҷудо карданист.





           

Номбурда гуфт, соли равон ба механизми тақсими ин маблағҳо нисбат ба соли гузашта каме тағйирот ворид гаштааст, вале аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ намуд.




           

Дар мавриди шарҳи масъалаи пардохти қарзи бонкҳо аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакорӣ, ки аз воситаҳои ҳукуматӣ ҷудо гардида буданд, муовини вазири молия зикр кард, ки то имрӯз ба бонкҳо дар ҳаҷми 32 млн. сомонӣ маблағи ин қарзҳо баргардонида шудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...