Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба амали масъулони ҳавзаи интихоботии №4 – ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба додгоҳ шикоят кард.
Тавре сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, раҳбарияти ҳавзаи интихоботии мазкур ба ҳайати қитъаҳои интихоботӣ шомил кардани намояндагони ҲНИТ-ро ба сифати нозирони миллӣ рад сохтааст.
Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, онҳо нисбат ба чунин амали мақомоти раҳбарии ҳавзаи интихоботӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурдаанд. «Дар 40 қитъаи интихоботӣ танҳо сабти намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар аз эҳтимолияти баргузории интихоботи ғайришаффоф гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.
Сухангӯи раиси ҳизб афзуд, дар ин хусус ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев низ шикоят бурда шудааст.


