ҲНИТ нисбат ба амали масъулони ҳавзаи интихоботии №4 – ноҳияи Сино ба додгоҳ шикоят бурд

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба амали масъулони ҳавзаи интихоботии №4 – ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба додгоҳ шикоят кард. Тавре сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, раҳбарияти ҳавзаи интихоботии мазкур ба ҳайати қитъаҳои интихоботӣ шомил кардани намояндагони ҲНИТ-ро ба сифати нозирони миллӣ рад сохтааст. […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нисбат ба амали масъулони ҳавзаи интихоботии №4 – ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба додгоҳ шикоят кард.




Тавре сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, раҳбарияти ҳавзаи интихоботии мазкур ба ҳайати қитъаҳои интихоботӣ шомил кардани намояндагони ҲНИТ-ро ба сифати нозирони миллӣ рад сохтааст.



Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, онҳо нисбат ба чунин амали мақомоти раҳбарии ҳавзаи интихоботӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино шикоят бурдаанд. «Дар 40 қитъаи интихоботӣ танҳо сабти намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар аз эҳтимолияти баргузории интихоботи ғайришаффоф гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.



Сухангӯи раиси ҳизб афзуд, дар ин хусус ба раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев низ шикоят бурда шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.