Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни мулоқот бо вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов муовини вазири сиёсати аграрии Украина Юрий Лузана пешниҳод сохт, ки бо мақсади афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо дар пойтахтҳои мамлакатҳо марказҳои тиҷоратӣ боз шаванд.
Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар навбати худ Қ.Қосимов ба ҳайати Украина пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши техникаи кишоварзии Украинаро ташкил намоянд, то минбаъд ин техника дар бозори Тоҷикистон мавқеи худро пайдо намояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили табодули мутахассисони соҳибтаҷрибаи кишварҳо, баргузории таҷрибаҳои муштарак оид ба ошкор сохтани навъҳои тозаи тухмиҳои хушсифат, воридоти тухмиҳои серҳосил аз Украина ба ҷумҳурӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркард, нигоҳдорӣ ва содироти меваҳои хушк ба Украинаро мавриди баррасӣ
қарор гирифт.


