Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдор аст

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур эътимоднома қабул намуд. Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тревор Мур, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили вобаста ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ […]

root


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур эътимоднома қабул намуд.




Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тревор Мур, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили вобаста ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо давлатҳои Аврупоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меравад, манфиатдор аст».



Аз натиҷа ва дурнамои ҳамкории миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки асосан дар чаҳорчӯби муборизаи байналмилалии зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.



Мусоҳибон ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳ ва мазмуни робитаҳои ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм зарур шумурда шуд.



Тревор Мур изҳор дошт, ки Британияи Кабир ва шахсан ӯ омодаанд баҳри ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва азхуднамоии захираҳои табиӣ саҳми намоён гузоранд.



Яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буд.



Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир изҳор дошт, ки андешаю пешниҳодоти Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои давлатҳои мададрасон баҳри дарёфти роҳҳои самарабахши ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон басо муҳиманд.



Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.