Маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад

            Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Овозаҳо дар мавриди   боло рафтани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.             Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тағйир додани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба кишвар ба нақша […]

Татяна Куропаткина



           

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Овозаҳо дар мавриди

 

боло рафтани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.





           

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тағйир додани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба кишвар ба нақша гирифта нашудааст ва овозаҳои бесасос танҳо миёни аҳолӣ бесарусомониву ташвишро ба вуҷуд меоварад. «Дар сурати тағйири тарофаҳо мо аҳолиро пешакӣ огоҳ хоҳем кард», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, тибқи қонунгузории амалкунанда, барои шахсони воқеие, ки барои истифодаи шахсӣ ба кишвар мошин ворид месозанд, нархҳои зерин ҷорӣ шудаанд: шахсони воқеӣ барои ҳар як сантиметри мукааби ҳаҷми муҳаррики то 2,5 ҳазор сантиметри мукааб 0,27 $ маблағи боҷи гумрукӣ пардохт менамоянд, вале агар ҳаҷми муҳаррик аз 3 ҳазор сантиметри мукааб бештар бошад, маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои ҳар як сантиметри мукааб ба 0,40 $ баробар хоҳад буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.