Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ҳарчанд вазъи иҷрои буҷаи соли 2009 душвориҳо пеш орад ҳам, ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то онро сарбаландона иҷро созад.
Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ҳукумат нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, баҳри иҷрои он гурӯҳи корӣ низ таъсис додааст. «Нақша аз панҷ қисмат иборат буда, қисмате аз онро сиёсати молиявиву андоз ташкил медиҳад, – гуфт ӯ. – Мо нақшаи мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор пешниҳод сохтем ва пас аз тавсияҳои онҳо ба хулоса омадем, ки он таҳрири иловагӣ мехоҳад».
Ғ.Бобозода мӯътақид аст, он бандҳои буҷа, ки ба пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат марбутанд, тағйир нахоҳанд ёфт. «Мо бояд иҷрои қисмати хароҷоти буҷаро пурра таъмин созем ва ин ҷо пеш аз ҳама, пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнат дар назар аст», – афзуд вазир.


