Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Бритониё баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот зикр гардидааст, ки бо вуҷуди дурнамои хуби мавҷудаи густариши ҳамкориҳо, имконоти мавҷуда ба қадри кофӣ истифода бурда намешавад. «Ҷонибҳо роҳандозии ҳамкориҳоро дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, баргузории намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва ғайра таъкид сохтанд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, дар ҷараёни мулоқот сафири Бритониё ба имконоти роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши гидроэнергетика ва саноати кӯҳкорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтааст. «Бо назардошти сатҳи баланди таълиму донишандӯзӣ дар Бритониё, ҳамчунин масъалаи тайёр кардани кадрҳо барои Тоҷикистон дар ин кишвар низ муҳокима шуданд», – афзуд сарчашма.



