Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон қурби доллар нисбат ба асъори миллӣ боз босуръат боло рафт. Шоми дирӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъор арзиши 1 доллари амрикоӣ ба 3,90 сомонӣ расид ва ин дар ҳолест, ки субҳ нархи он ба ҳисоби миёна 3,75 – 3,77 сомониро ташкил медод.
Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, субҳи дирӯз қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк барои хариди 1 $ 3,75 сомонӣ ва фурӯши он 3,77 муқаррар шуда, соати 11-и рӯз қурби он мутаносибан аллакай то 3,80
ва 3,82 сомонӣ расид. «Феълан 1 $ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Агроинвестбонк» бо арзиши 3,86 сомонӣ харида шуда, бо нархи 3,88 сомонӣ фурӯхта мешавад», – хабар доданд аз бонк.
Аз ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки қаблан қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк 3,78 сомониро ташкил медод, вале дирӯз он аллакай то 3,88 сомонӣ афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои сарчашма аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», рӯзи пешин ва дирӯз дар 33 нуқтаи мубодилаи асъори ин бонк арзиши доллар дар як мизон нигоҳ дошта шуда, дар ин рӯзҳо нархи хариди он 3,78 ва фурӯши он 3,80 сомониро ташкил додааст. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал қурби 1 доллари амрикоиро 3,68 сомонӣ муқаррар кардааст.



