Тоҷикистонро барои нигаҳдории коҳиши қурби сомонӣ зарур аст ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ муроҷиат намояд, – назари коршинос

               Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 1 доллари амрикоӣ ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Дар бонкҳои кишвар аз шарҳи чунин вазъ алҳол худдорӣ менамоянд.             Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Пӯлод Насимов мегӯяд, ки қурби асъори миллӣ то […]

Пайрав Чоршанбиев



            




 

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 1 доллари амрикоӣ ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Дар бонкҳои кишвар аз шарҳи чунин вазъ алҳол худдорӣ менамоянд.





           

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Пӯлод Насимов мегӯяд, ки қурби асъори миллӣ то он замоне, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бахши иқтисодиро мавриди таҳлил қарор надиҳаду ҷиҳати устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ чораҳои муассир наандешад, поин хоҳад рафт. «Айни замон захираҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон хеле коҳиш ёфта, ба воридшавии маблағҳо ниёз доранд ва Тоҷикистонро барои нигаҳдории коҳиши қурби сомонӣ зарур аст ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ муроҷиат намояд», – изҳор дошт ӯ.




           

Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаи асосии даромади асъори хориҷии ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд ва чун онҳо феълан дар Русия аз ҷойҳои корӣ маҳрум мегарданд, мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, бевосита бо ҳокимони вилоятҳои Русия дар ин хусус гуфтушунид доир созанд, зеро дар минтақаҳои Русия эҳтиёҷ ба мутахассисони бахши сохтмон ҳанӯз зиёд аст.



«Гузашта аз ин, имрӯз метавон бо давлатҳои Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба мувофиқа расид, чунки дар бахши сохтмони ин давлатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҳиндустон, Бангладеш ва Непал машғули коранд ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз қобилияти корӣ дар соҳаи сохтмон бархӯрдоранд, метавонанд муваффақона дар он ҷо ба фаъолият фаро гирифта шаванд», – афзуд П.Насимов.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.