Дар Тоҷикистон коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад

Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бори навбатӣ болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба мушоҳида расид. Арзиши 1 доллари амрикоӣ имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 4 сомонӣ расид. Гузашта аз ин, дар нуқтаҳои мубгодилаи асъор бинобар набудани доллари амрикоӣ аз фурӯши он худдорӣ менамоянд. Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бори навбатӣ болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ ба мушоҳида расид. Арзиши 1 доллари амрикоӣ имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 4 сомонӣ расид. Гузашта аз ин, дар нуқтаҳои мубгодилаи асъор бинобар набудани доллари амрикоӣ аз фурӯши он худдорӣ менамоянд.




Тавре аз ҶСК «Агроинвестбонк» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, субҳи дирӯз қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк барои хариди 1 $ 3,75 сомонӣ ва фурӯши он 3,77 муқаррар шуда, соати 11-и рӯз қурби он мутаносибан аллакай то 3,80

 

ва 3,82 сомонӣ расид. «Феълан 1 $ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори «Агроинвестбонк» бо арзиши 3,86 сомонӣ харида шуда, бо нархи 3,88 сомонӣ фурӯхта мешуд», – хабар дода буданд аз бонк. Имрӯз бошад, аллакай арзиши қабули доллар ба 3,98 сомонӣ ва фурӯши он ба 4 сомонӣ баробар шудааст.



Аз ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки қаблан қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк 3,78 сомониро ташкил медод, вале дирӯз он аллакай то 3,88 сомонӣ афзудааст.



Тибқи иттилои сарчашма аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», рӯзи пешин ва дирӯз дар 33 нуқтаи мубодилаи асъори ин бонк арзиши доллар дар як мизон нигоҳ дошта шуда, дар ин рӯзҳо нархи хариди он 3,78 ва фурӯши он 3,80 сомониро ташкил додааст. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ин бонк арзиши қабули доллар 3,88 ва фурӯши он 4 сомониро ташкил додааст.

 

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби 1 доллари амрикоиро 3,72 сомонӣ муқаррар кардааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.