IFC коркарди кодекси идоракунии корпоративиро баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон пешниҳод месозад

Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ,   бо мақсади беҳтар кардани муҳити инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муттаҳид намудани бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои алоқаманд баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумат дар таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ кӯмак расонида истодааст. Ширкатҳои тоҷикие, […]

root


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), узви гурӯҳи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ,

 

бо мақсади беҳтар кардани муҳити инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муттаҳид намудани бонкҳо, ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои алоқаманд баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумат дар таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ кӯмак расонида истодааст.




Ширкатҳои тоҷикие, ки мехоҳанд идоракунии корпоративии хешро беҳтар намоянд, ҳоло аз сабаби набудани дастури миллӣ мушкилӣ кашида истодаанд. Бо мақсади кӯмак расонидан дар ҳалли ин мушкилот Лоиҳаи IFC

 

оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ ҳафтаи гузашта мизи мудавваре бо иштироки намояндагони ҳукумат ва дигар сохторҳои алоқаманд барпо намуд. Иштирокчиён қарор доданд, дар ҷодаи таҳияи кодекси миллии идоракунии корпоративие, ки ба шаффофии фаъолияти ширкатҳои тоҷикӣ ва ҷалб намудани инвесторхои хориҷӣ мусоидат мекунад, ҳамкорӣ кунанд.



“Вақти он расидааст, ки мо бояд кодекси миллии идоракунии корпоративии ҶТ-ро таҳия намоем”, –

 

гуфт иштирокчии семинар машваратчии ҳуқуқии «Агроинвестбонк» Вячеслав Пияров. – Кодекси миллӣ муҳити инвеститсионии кишварро беҳтар мекунад ва идоракунии корпоративии ширкатҳои маҳаллиро ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ месозад. Дар ин ҷода мо ширкати IFC-ро, ки бо таҷрибаи байналхалқии хеш дар ин ҷараён нақши муҳим бозида истодааст, хуш пазироӣ мекунем”.

 




Ба гуфтаи ҳамоҳангсози Лоиҳаи IFC оид ба идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Миёна бештари ширкатҳои маҳаллӣ хоҳиш намуданд, ки кодекси миллии идоракунии корпоративии ба стандартхои байналхалқӣ ҷавобгӯ таҳия карда шавад. “Иштирокчиён инчунин шакл ва мундариҷаи кодексро муҳокима карданд ва оид ба қадамҳои аввалин дар ин ҷода қарор кабул карданд,” – илова кард ӯ. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» корманди масъул бо масоили робита бо ҷомеаи


IFC




Муҳиддин Тоҷиев хабар дод.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.