С.Сафаров: Бо қабули қарорҳои муҳим дар Маскав кишварҳои узви СААД ва ЕврАзЭС билохира ба кори амалӣ шурӯъ карданд

Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки бо таъсиси фонд дар ҳаҷми 10 млрд. $ ва ташкили нерӯҳои муштараки зудамал кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё билохира ба кори амалӣ оғоз намуданд. «Чунин иқдомҳои муҳим гувоҳи онанд, ки давраи […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мӯътақид аст, ки бо таъсиси фонд дар ҳаҷми 10 млрд. $ ва ташкили нерӯҳои муштараки зудамал кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё билохира ба кори амалӣ оғоз намуданд. «Чунин иқдомҳои муҳим гувоҳи онанд, ки давраи бӯҳронӣ дар муносибот миёни кишварҳои пасошӯравӣ паси сар шуда, тадриҷан он ба ҷараёни созанда ворид мегардад», – мегӯяд ӯ.




С.Сафаров изҳор дошт, ки рӯйдодҳои ахир, аз қабили ҳуҷуми мусаллаҳонаи Гурҷистон ба Осетиёи Ҷанубӣ, «баҳси газ»-и Русияву Украина ва ба сардӣ гаравидани муносиботи Тоҷикистону Русия, ахириро водор сохтанд, ки ташаббускори раванди ҳамгиройӣ гардад. «Раванди минбаъдаи ҳамгиройӣ миёни кишварҳои узви СААД ва ЕврАзЭС аз Русия чун нерӯи аслии ин раванд вобаста хоҳад буд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки агар кишварҳои узви ин созмону иттиҳод ба манфиатҳои миллии ҳамдигар эҳтиром гузоранд, ин раванд таҳким хоҳад ёфт ва агар на, вайрон шудани тамоми низоми амният ва ҳамкории иқтисодӣ дар қаламрави ИДМ аз эҳтимол дур нест.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.