Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар коҳиш ёфтани қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ идома дорад. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби доллар то 3,7 сомонӣ поин рафт.
Дар ҳамин ҳол як қатор нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтах имрӯз баста буданд.
Тибқи маълумот аз Бонки миллии Тоҷикистон, дар натиҷаи чораҳои андешида қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ тамоили устувори пастшавиро касб кардааст. Имрӯз қурби расмии доллари амрикоӣ, ки БМТ муқаррар кардааст, муодили 3,7275 сомонӣ аст.



