И.Усмонов: Фармони президент ба болоравии нуфузи ВАО дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО ба афзоиши нуфузи ВАО дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. «Мавҷуд набудани васоити ахбори оммаи мавқеи мухолифдошта тайи солҳои ахир, ҳукуматро водор сохт, ки ба чунин иқдом даст занад ва ин аз […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ дар ВАО ба афзоиши нуфузи ВАО дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. «Мавҷуд набудани васоити ахбори оммаи мавқеи мухолифдошта тайи солҳои ахир, ҳукуматро водор сохт, ки ба чунин иқдом даст занад ва ин аз эътимоди ҳукумат ба ВАО гувоҳӣ медиҳад», – гуфт ӯ.




И.Усмонов бар чунин назар аст, ки мавқеи кунунии матбуоти хусусӣ бештар сиёсӣ аст ва мушкилоти сиёсиро дар пасманзари иҷтимоӣ инъикос менамояд. «Бо назардошти рисолати ҳамшарикии ВАО, ҳукуматдорон тасмим гирифтанд, ки аз чунин нуқтаи назар ба он муносибат намоянд», – изҳор дошт профессор.



Ба қавли И.Усмонов, татбиқи фармони мазкур бояд тибқи қонунгузории мавҷуда дар бораи ВАО амалӣ гардад, яъне ҳукуматдорон бояд фармонро иҷро кунанду ВАО аз мавқеи худ сӯиистифода накарда, ба интишори маводи ғайривоқеӣ роҳ надиҳанд.



Ёдрас мекунем, ки фармони президенти Тоҷикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлиливу танқидӣ баҳри таҳкими тартиботи иҷроиши вазифаҳо ва баланд бардоштани нақши ВАО дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар қабул карда шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.