Сафорати ҶТ дар Русия дар робита ба иқдомоти фармоишии миллатгароёни рус изҳорот пахш намуд

  Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати ҶТ дар Русия дар робита ба иқдомоти фармоишии доираҳои муайяни Русия унвонии мақомоти раҳбарии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз тариқи телефон сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев изҳор дошт, дар санади рӯзи 7-уми феврал интишоргардида сафорат ба амалҳои тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳои муайяни […]

Далер Ғуфронов





 




Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати ҶТ дар Русия дар робита ба иқдомоти фармоишии доираҳои муайяни Русия унвонии мақомоти раҳбарии Тоҷикистон изҳорот пахш намуд.



Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз тариқи телефон сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев изҳор дошт, дар санади рӯзи 7-уми феврал интишоргардида сафорат ба амалҳои тарҳрезишуда аз ҷониби доираҳои муайяни Русия эътироз баён доштааст. «Гурӯҳи иборат аз се нафар аз номи иттиҳодияи созмонҳои миллии «Руссовет» дар таърихи 7-уми феврал ба корманди сафорат унвонии президенти Тоҷикистон мактуб-изҳорот супурд, ки дар он вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва ҳамчунин сиёсати муҳоҷирати ҳукуматдорони кишвар дар шакли таҳрифомез инъикос гардидааст», – гуфт ӯ.

 




Ба гуфтаи А.Достиев, сафорат дар ин иқдом нишонаҳои амалҳои тарҳрезишударо мебинад, зеро матни ин мактуб дар як қатор сомонаҳои интернетӣ дарҷ ёфта, зимни супурдани мактуб намояндагони ВАО саривақт назди бинои сафорат ҷамъ омада буданд. «Бояд гуфт, ки сафорат ҷониби Русияро қаблан ба таври расмӣ дар бораи ба вуқӯъ пайвастани чунин иқдом аз ҷониби миллатгароён огоҳ карда буд, вале ба ҷуз таҳкими тартиби муҳофизати сафорат, дигар чорае баҳри пешгирии он андешида нашуд», – гуфт А.Достиев.



Сафорат аз он дар шигифт аст, ки чунин зуҳуроти иғвоангез нисбат ба шарики стратегӣ ва кишвари дӯсти Русия рӯи кор меояд. «Далелҳои ахири зуҳури амалҳои адовати миллӣ ва ксенофобия нисбат ба шаҳрвандони тоҷик дар Русия гувоҳи онанд, ки ҳодисаи мазкур низ метавонад мавҷи тозаи амалҳои зӯроварӣ дар муносибат бо тоҷиконро ба бор оварад», – таъкид сохт дипломат.



Дар робита ба ин қазия, сафир аз ҳодисаи рухдода изҳори нигаронӣ карда, аз ҷониби Русия даъват ба амал овардааст, ки минбаъд ҷиҳати ҷилавгирӣ аз иқдомоти ба ин монанд чораҳои зарурӣ андешад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.