Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба иллати бӯҳрони энергетикии мавҷуда дар кишвар, ширкат дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба андозаи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст.
Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, ширкат ҷиҳати ҷудо намудани қарз ба ниҳодҳои молиявӣ муроҷиат кардааст, то маблағи қарзи нерӯгоҳро пардохт созад. «Пас аз раҳоӣ ёфтан аз ин бӯҳрони энергетикӣ воситаҳои молиявии ширкат афзуда хоҳанд шуд ва «минбаъд масоили марбут ба қарз дар назди нерӯгоҳ пайдо нахоҳад шуд».
Ёдовар мешавем, ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст.
Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.


