Ширкати «Барқи тоҷик» барои пардохти қарзи ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» қарз меҷӯяд

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба иллати бӯҳрони энергетикии мавҷуда дар кишвар, ширкат дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба андозаи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст. Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, ширкат ҷиҳати ҷудо намудани қарз ба ниҳодҳои молиявӣ муроҷиат кардааст, то […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба иллати бӯҳрони энергетикии мавҷуда дар кишвар, ширкат дар назди ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба андозаи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст.




Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, ширкат ҷиҳати ҷудо намудани қарз ба ниҳодҳои молиявӣ муроҷиат кардааст, то маблағи қарзи нерӯгоҳро пардохт созад. «Пас аз раҳоӣ ёфтан аз ин бӯҳрони энергетикӣ воситаҳои молиявии ширкат афзуда хоҳанд шуд ва «минбаъд масоили марбут ба қарз дар назди нерӯгоҳ пайдо нахоҳад шуд».



Ёдовар мешавем, ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» барои напардохтани қарзи мавҷуда аз болои ширкати «Барқи тоҷик» ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ шикоят бурдааст. Дар ин хусус дар изҳороти расмии мақомоти раҳбарии ҷамъияти саҳомӣ ишора шудааст.



Дар изҳорот таъкид мегардад, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.