Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе бинобар муроҷиати иловагии ШСХК «Барқи тоҷик» аз 6-уми феврали соли 2009 ба Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми январи соли 2009 «Дар бораи риояи қатъии меъёри нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаю низоми маҳдудкунии он дар пойтахт» тағйироту иловаҳо ворид намуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи ин тағйирот
дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт то ба эътидол
расидани вазъ дар системаи энергетикии кишвар
ҳамарӯза ба истиснои иншоотҳои ҳаётан муҳим дар минтақаҳои алоҳидаи пойтахт рӯзона аз соати 9 то 16 ва шабона аз соати 23 то 5-и субҳ интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ карда мешавад.
Зимнан, аз ҳамаи сокинон, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидори пойтахт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
хоҳиш карда мешавад, ки нисбати ин тадбири иҷбории андешидашуда бо ҳусни тафоҳум муносибат намуда, истифодаи сарфакорони нерӯи барқро
ба роҳ монанд.


