Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии ширкати олмонии Zeppelin International AG муаррифӣ мешавад

Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии ширкати олмонии Зеппилин Интернейшнл Эй Чи муаррифӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов хабар дод, ширкати мазкур ҷузъи корпоратсияи бузурги фаромиллии «Катерпиллар» воқеъ дар Амрико мебошад. Ба гуфтаи Сангов, корпоратсияи «Катерпиллар», асосан техникаи роҳсозӣ истеҳсол намуда, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии ширкати олмонии Зеппилин Интернейшнл Эй Чи муаррифӣ шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов хабар дод, ширкати мазкур ҷузъи корпоратсияи бузурги фаромиллии «Катерпиллар» воқеъ дар Амрико мебошад.



Ба гуфтаи Сангов, корпоратсияи «Катерпиллар», асосан техникаи роҳсозӣ истеҳсол намуда, ҳамчунин ба сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва дигар иншооти бузург сарукор дорад. «Катерпиллар» ҳамчунин бо истеҳсоли муҳаррикони пурқувват, ки дар техникаи ҳарбии аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, маъруфу машҳур гардидааст.



Ба қавли муовини аввали раиси палата, дар сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун аллакай 25 адад техникаи тавлиди ин корпоратсияи истифода мешавад. «Ширкати Зеппилин Интернейшнл Эй Чи, намояндагии худро дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 ифтитоҳ карда буд ва феълан дар бунёди иншооти стратегии кишвар саҳми арзанда дорад. Расман ба узвияти палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ин ширкат дар моҳи январи соли 2009 пазируфта шуд», –

 

гуфт Сангов.

  



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.