Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии ширкати олмонии Зеппилин Интернейшнл Эй Чи муаррифӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов хабар дод, ширкати мазкур ҷузъи корпоратсияи бузурги фаромиллии «Катерпиллар» воқеъ дар Амрико мебошад.
Ба гуфтаи Сангов, корпоратсияи «Катерпиллар», асосан техникаи роҳсозӣ истеҳсол намуда, ҳамчунин ба сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва дигар иншооти бузург сарукор дорад. «Катерпиллар» ҳамчунин бо истеҳсоли муҳаррикони пурқувват, ки дар техникаи ҳарбии аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад, маъруфу машҳур гардидааст.
Ба қавли муовини аввали раиси палата, дар сохтмони нерӯгоҳи обию барқии Роғун аллакай 25 адад техникаи тавлиди ин корпоратсияи истифода мешавад. «Ширкати Зеппилин Интернейшнл Эй Чи, намояндагии худро дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 ифтитоҳ карда буд ва феълан дар бунёди иншооти стратегии кишвар саҳми арзанда дорад. Расман ба узвияти палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ин ширкат дар моҳи январи соли 2009 пазируфта шуд», –
гуфт Сангов.


