Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ҳайати бонуфузи энергетикҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд.
Тавре сардори Хадамоти марказии танзими ШСХК «Барқи тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафари мутахассисони ӯзбек баррасии масоили барқарорсозии интиқоли барқи Ӯзбекистон ва транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ дар назар аст.
О.Чоршанбиев ҳамзамон қайд кард, ки айни замон ҳукумати Тоҷикистон оид ба воридоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон бо Қазоқистон гуфтушунид дорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки чанде аз ВАО бо истинод ба Вазорати энергетика ва саноати ҷмҳурӣ иттилоъ доданд, ки ба кишвар шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқи Қазоқистон интиқол дода мешавад. «Феълан ба Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии минтақавӣ шабонарӯзӣ аз 500 ҳазор то 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, вале мо гуфта наметавонем, ки он аз Қазоқистон, Қирғизистон ё Туркманистон ворид мегардад, зеро то ҳанӯз дар ин хусус тавофуқи мушаххас ҳосил нагардидаасту айни замон гуфтушунид идома дорад», – афзуд манбаъ.


