Ҳайати бонуфузи мутахассисони бахши энергетикаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд

Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ҳайати бонуфузи энергетикҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд. Тавре сардори Хадамоти марказии танзими ШСХК «Барқи тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафари мутахассисони ӯзбек баррасии масоили барқарорсозии интиқоли барқи Ӯзбекистон ва транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ дар назар аст. О.Чоршанбиев ҳамзамон […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ҳайати бонуфузи энергетикҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд.




Тавре сардори Хадамоти марказии танзими ШСХК «Барқи тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафари мутахассисони ӯзбек баррасии масоили барқарорсозии интиқоли барқи Ӯзбекистон ва транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ дар назар аст.



О.Чоршанбиев ҳамзамон қайд кард, ки айни замон ҳукумати Тоҷикистон оид ба воридоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон бо Қазоқистон гуфтушунид дорад.



Лозим ба тазаккур аст, ки чанде аз ВАО бо истинод ба Вазорати энергетика ва саноати ҷмҳурӣ иттилоъ доданд, ки ба кишвар шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқи Қазоқистон интиқол дода мешавад. «Феълан ба Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии минтақавӣ шабонарӯзӣ аз 500 ҳазор то 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, вале мо гуфта наметавонем, ки он аз Қазоқистон, Қирғизистон ё Туркманистон ворид мегардад, зеро то ҳанӯз дар ин хусус тавофуқи мушаххас ҳосил нагардидаасту айни замон гуфтушунид идома дорад», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.