Душанбе. 11-уми феврал – 10 феврал тамоми р
ӯ
з қурби хариду фур
ӯ
ши доллари ИМА, ки аз
ҷ
ониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74 – 3,77 сомон
ӣ
боқ
ӣ
монд.
Дар баробари ин, қурби миёнавазни хариду фур
ӯ
ши доллари ИМА, ки инъикосгари амалиёти амалан дар дар бозори асъор гузаронидашуда мебошад, як каме (0,3 фоиз) поин рафт ва дар охири р
ӯ
з барои 1 доллари ИМА 3,7617 сомониро ташкил дод. Вобаста ба ин, қурби Бонки миллии То
ҷ
икистон барои доллари ИМА нисбати сомон
ӣ
аз 3,7449 то 3,7317 сомон
ӣ
паст карда шуд.
Нишондиҳандаҳои мазкур, ҳамчунин ҳолати талабот ва пешниҳод дар бозори асъор тамоюли бомаром тақвият ёфтани талабот ба пули миллиро инъикос менамояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.


