Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар доираи барномаи «Тайёр намудани ҷамоатҳои устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда», ки аз ҷониби Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона (ECHO) маблағгузорӣ мешавад, аз аввали соли ҷорӣ барои кормандони идораҳои давлатӣ, ки дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, курсҳои забони англисӣ ва компютер гузаронида истодааст.
Мақсад аз гузаронидани курсҳои мазкур ин такмил додани дониши забони англисӣ ва қобилияти кор бо компютер мебошад, ки минбаъд кормандони идораҳои давлатии дахлдор ин донишҳоро дар корҳояшон истифода баранд. Курсҳои номбаршуда аз тарафи Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд
Курсҳои забони англисӣ ва компютер дар шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар шаҳри Хоруғ бошад, курсҳои мазкур барои кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва кормандони Расадхонаи обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ гузаронида мешаванд.
Баъд аз анҷом ёфтани курсҳои чаҳормоҳа ва бомуваффақият супоридани санҷиши ниҳоӣ ба иштирокунандагони курсҳои номбаршуда аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шаҳодатнома дода мешавад.
Аз соли 2003, Фокус дар Тоҷикистон ба ҳайси ҳамкори иҷрокунандаи лоиҳаи ДИПЕКО дар ҳудуди ВМКБ фаъолият мекунад ва дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ташаббусҳои васеъ пеш гирифта истодааст. Инчунин, ФОКУС ба баланд бардоштани қобилияти муассисаҳои маҳаллӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.


