Ташкилоти ФОКУС барои кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон курсҳои забони англисӣ ва компютер мегузаронад

Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар доираи барномаи «Тайёр намудани ҷамоатҳои устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда», ки аз ҷониби Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона (ECHO) маблағгузорӣ мешавад, аз аввали соли ҷорӣ барои кормандони идораҳои давлатӣ, ки дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, курсҳои забони […]

root


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар доираи барномаи «Тайёр намудани ҷамоатҳои устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда», ки аз ҷониби Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона (ECHO) маблағгузорӣ мешавад, аз аввали соли ҷорӣ барои кормандони идораҳои давлатӣ, ки дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, курсҳои забони англисӣ ва компютер гузаронида истодааст.




Мақсад аз гузаронидани курсҳои мазкур ин такмил додани дониши забони англисӣ ва қобилияти кор бо компютер мебошад, ки минбаъд кормандони идораҳои давлатии дахлдор ин донишҳоро дар корҳояшон истифода баранд. Курсҳои номбаршуда аз тарафи Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд



Курсҳои забони англисӣ ва компютер дар шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар шаҳри Хоруғ бошад, курсҳои мазкур барои кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва кормандони Расадхонаи обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ гузаронида мешаванд.



Баъд аз анҷом ёфтани курсҳои чаҳормоҳа ва бомуваффақият супоридани санҷиши ниҳоӣ ба иштирокунандагони курсҳои номбаршуда аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шаҳодатнома дода мешавад.



Аз соли 2003, Фокус дар Тоҷикистон ба ҳайси ҳамкори иҷрокунандаи лоиҳаи ДИПЕКО дар ҳудуди ВМКБ фаъолият мекунад ва дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ташаббусҳои васеъ пеш гирифта истодааст. Инчунин, ФОКУС ба баланд бардоштани қобилияти муассисаҳои маҳаллӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.