Хуҷанд. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд бо дастгирии Дафтари САҲА дар Хуҷанд таҳти унвони «Тоҷикистон ва адолати иҷтимоӣ» ҷамъомади навбатии аҳзоби сиёсии минтақа баргузор шуд.
Ҷамъомадагон масоили таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои минтақаи шимоли кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси шӯъбаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилоят Маъруф Юсуфов пешниҳод сохт, ки синнусоли ба нафақа баромадан барои мардон 60 ва занон 55 сол муқаррар гардад.
Раиси
шӯъбаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммад Исомаддинов изҳор дошт, ки вақти он расидааст нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷироне, ки ҳангоми кор маъюб гаштанд, аз нав дида баромада шавад
Намояндаи ҲСТ Аҳмадҷон Хистеварзӣ гуфт, дар соҳаи таъини нафақа ришвахӯрӣ дар авҷ аст ва шахсони муайян санади «маъюбӣ»-ро харида, аз рӯи он ба нафақа мебароянд.
Дилбар Самадова, намояндаи ҲСДТ дар вилоят изҳор дошт, вазъи иҷтимоии шахсоне, ки дар бозор ба савдо машғуланд, бояд бознигарӣ шавад. «Ман пешниҳод дорам, ки хароҷот барои сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷа кам карда шавад», – гуфт ӯ.
Намояндаи САҲА дар Хуҷанд Сӯҳроб Шоев зикр кард, ки пешниҳоду тавсияҳои изҳордошта аз ҷониби аҳзоби сиёсии вилояти Суғдро зарур аст, ба баррасии парулумону ҳукумати кишвар равона сохт.


