Аҳзоби сиёсии Суғд пешниҳод мекунанд, ки масъалаи таъмини нафақа дар ҷумҳурӣ таҷдиди назар шавад

Хуҷанд. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд бо дастгирии Дафтари САҲА дар Хуҷанд таҳти унвони «Тоҷикистон ва адолати иҷтимоӣ» ҷамъомади навбатии аҳзоби сиёсии минтақа баргузор шуд. Ҷамъомадагон масоили таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои минтақаи шимоли кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Раиси шӯъбаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд бо дастгирии Дафтари САҲА дар Хуҷанд таҳти унвони «Тоҷикистон ва адолати иҷтимоӣ» ҷамъомади навбатии аҳзоби сиёсии минтақа баргузор шуд.




Ҷамъомадагон масоили таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои минтақаи шимоли кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Раиси шӯъбаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилоят Маъруф Юсуфов пешниҳод сохт, ки синнусоли ба нафақа баромадан барои мардон 60 ва занон 55 сол муқаррар гардад.

 

Раиси

 

шӯъбаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммад Исомаддинов изҳор дошт, ки вақти он расидааст нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷироне, ки ҳангоми кор маъюб гаштанд, аз нав дида баромада шавад



Намояндаи ҲСТ Аҳмадҷон Хистеварзӣ гуфт, дар соҳаи таъини нафақа ришвахӯрӣ дар авҷ аст ва шахсони муайян санади «маъюбӣ»-ро харида, аз рӯи он ба нафақа мебароянд.



Дилбар Самадова, намояндаи ҲСДТ дар вилоят изҳор дошт, вазъи иҷтимоии шахсоне, ки дар бозор ба савдо машғуланд, бояд бознигарӣ шавад. «Ман пешниҳод дорам, ки хароҷот барои сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷа кам карда шавад», – гуфт ӯ.



Намояндаи САҲА дар Хуҷанд Сӯҳроб Шоев зикр кард, ки пешниҳоду тавсияҳои изҳордошта аз ҷониби аҳзоби сиёсии вилояти Суғдро зарур аст, ба баррасии парулумону ҳукумати кишвар равона сохт.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.