Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор миқдори зарурии тухми пунбадона тайёр карда шуд

Date:


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор аз миқдори миқдори зарурии 25 ҳазор

 

24 ҳазор тонна тухми пунбадона тайёр карда шуд.




Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, вазъи тухмиро бо дору тоза кардан начандон хуб аст ва он дар вилояти Суғд ба андозаи 22 ва Хатлон – 17 дарсад ба анҷом расида, дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 2,5 ҳазор тонна тухмии тайёркардашуда ҳамагӣ 12 тоннааш бо дору тоза карда шудааст.



Дар мавриди сифати тухмии пунбадона номбурда изҳор дошт, ки 35 дарсади тухмӣ ба навъи пунбадонаи бозтавлиди – «Элита», «


R


-1», «


R


-2» ва «


R


-3» дохил буда, беш аз нисфи тухмии тайёркардашуда шартан ҳамчунин тухмӣ қабул карда шудаанд.



Ёдрас мекунем, соли равон барои кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ 200-202 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, ба аксари хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз 25 сентнер камтар ҳосил ба даст оварданд, барои кишт ҳуқуқи интихоби дигар навъи зироат дода шудааст.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...