Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор миқдори зарурии тухми пунбадона тайёр карда шуд

Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор аз миқдори миқдори зарурии 25 ҳазор   24 ҳазор тонна тухми пунбадона тайёр карда шуд. Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, вазъи тухмиро бо дору тоза кардан начандон хуб аст ва он дар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор аз миқдори миқдори зарурии 25 ҳазор

 

24 ҳазор тонна тухми пунбадона тайёр карда шуд.




Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, вазъи тухмиро бо дору тоза кардан начандон хуб аст ва он дар вилояти Суғд ба андозаи 22 ва Хатлон – 17 дарсад ба анҷом расида, дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 2,5 ҳазор тонна тухмии тайёркардашуда ҳамагӣ 12 тоннааш бо дору тоза карда шудааст.



Дар мавриди сифати тухмии пунбадона номбурда изҳор дошт, ки 35 дарсади тухмӣ ба навъи пунбадонаи бозтавлиди – «Элита», «


R


-1», «


R


-2» ва «


R


-3» дохил буда, беш аз нисфи тухмии тайёркардашуда шартан ҳамчунин тухмӣ қабул карда шудаанд.



Ёдрас мекунем, соли равон барои кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ 200-202 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, ба аксари хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз 25 сентнер камтар ҳосил ба даст оварданд, барои кишт ҳуқуқи интихоби дигар навъи зироат дода шудааст.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.