Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бори навбатӣ арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт.
Тавре аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши чипта дар вагони дараҷаи дуввуми (платскарт) ин хатсайр аз 652 сомонӣ то 793 сомонӣ зиёд шуда, дар вагони купе нархи он аз 860 сомонии қаблӣ то 1 ҳазор сомонӣ афзудааст.
Ба иттилои манбаъ, болоравии арзиши чиптаҳо ба коэффитсиенти убури нақлиёти роҳи оҳан тавассути низоми роҳи оҳани Русия марбут аст. «Иллати дигар дар афзоиши арзиши убури қатораҳо тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба миқдори 20-22 дарсад ифода меёбад», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ арзиши чиптаҳо ба қатораи хатсайри «Душанбе-Конибодом» ба андозаи 80 дарсад боло рафта буд.


