Арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт

            Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бори навбатӣ арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт.             Тавре аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши чипта дар вагони дараҷаи дуввуми (платскарт) ин хатсайр аз 652 сомонӣ то 793 сомонӣ зиёд шуда, дар вагони купе нархи он аз 860 сомонии қаблӣ то […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бори навбатӣ арзиши чиптаи қатораи хатсайри «Душанбе-Маскав» боло рафт.





           

Тавре аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, арзиши чипта дар вагони дараҷаи дуввуми (платскарт) ин хатсайр аз 652 сомонӣ то 793 сомонӣ зиёд шуда, дар вагони купе нархи он аз 860 сомонии қаблӣ то 1 ҳазор сомонӣ афзудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, болоравии арзиши чиптаҳо ба коэффитсиенти убури нақлиёти роҳи оҳан тавассути низоми роҳи оҳани Русия марбут аст. «Иллати дигар дар афзоиши арзиши убури қатораҳо тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба миқдори 20-22 дарсад ифода меёбад», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ арзиши чиптаҳо ба қатораи хатсайри «Душанбе-Конибодом» ба андозаи 80 дарсад боло рафта буд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.