Силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон аз ҷониби SDC-ро мусаввараҳои рассоми тоҷик Баҳром Исматов ҳусни оғоз мебахшанд

Date:



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (


SDC


) эълом дошт, ки силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон дар соли 2009 оғоз гардид.





           

Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи


SDC


Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоишгоҳи аввале, ки дирӯз ифтитоҳ гардид, то 10-уми март идома хоҳад ёфт.




           

Ба гуфтаи ӯ, силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон аз ҷониби


SDC


-ро мусаввараҳои рассоми тоҷик Баҳром Исматов, ки дар як қатор намоишгоҳҳои ҷумҳуриявиву байнулмилалӣ ширкат варзидааст, ҳусни оғоз мебахшанд. «Асарҳои офаридаи Б.Исматов маҷмӯаи мусаввараҳои шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия, Аврупо ва Осиёро зебу оро медиҳанд», – афзуд Г.Ҳасанова.

 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related