Силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон аз ҷониби SDC-ро мусаввараҳои рассоми тоҷик Баҳром Исматов ҳусни оғоз мебахшанд

            Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ( SDC ) эълом дошт, ки силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон дар соли 2009 оғоз гардид.             Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи SDC Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоишгоҳи аввале, ки дирӯз ифтитоҳ гардид, то 10-уми март идома хоҳад […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (


SDC


) эълом дошт, ки силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон дар соли 2009 оғоз гардид.





           

Тавре корманди масъули робита бо ҷомеаи


SDC


Гулноза Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, намоишгоҳи аввале, ки дирӯз ифтитоҳ гардид, то 10-уми март идома хоҳад ёфт.




           

Ба гуфтаи ӯ, силсилаи тозаи намоишгоҳҳои рассомон аз ҷониби


SDC


-ро мусаввараҳои рассоми тоҷик Баҳром Исматов, ки дар як қатор намоишгоҳҳои ҷумҳуриявиву байнулмилалӣ ширкат варзидааст, ҳусни оғоз мебахшанд. «Асарҳои офаридаи Б.Исматов маҷмӯаи мусаввараҳои шахсии шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия, Аврупо ва Осиёро зебу оро медиҳанд», – афзуд Г.Ҳасанова.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.