Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан Тоҷикистон дар қатори 32 кишвари дигари ҷаҳон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ба кӯмаки таъҷилии байнулмилалӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ бо истинод ба Барномаи ғизо ва кишоварзии созмон хабар медиҳад.
«Зимистони сард, мизони нокофии намнокӣ ва камбуди об барои обёрӣ ба он оварда расониданд, ки ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон аз сатҳи миёнаи солона хеле камтар шуд», – иттилоъ медиҳад Казинформ бо истинод ба гузориши Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ.
Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи январ
д
ар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки вазъи таъмини ғизо дар бозорҳои ҷумҳурӣ мӯътадил аст ва ҳеҷ мушкилоти марбут ба таъмини аҳолии кишвар бо маводи аввалияи ғизо вуҷуд надорад. Ғ.Бобозода ёдоар шуда буд, ки истеҳсоли зироати ғалладона дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 942,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки барои Тоҷикистон ҳосили рекордӣ буда, гузашта аз ин, беш аз 500 ҳазор тонна орд ва 250 ҳазор тонна зироати ғалладона аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Ӯ гуфт, нархи орд дар муқоиса бо тобистони соли гузашта 40 дарсад поин рафтааст ва агар соли гузашта барои ташкили захираҳои давлатии орд 20 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли равон ин рақам ба 50 млн. сомонӣ расидааст. «Ғайр аз ин бо Қазоқистон ҷиҳати ворид кардани зироати ғалладона ба маблағи 4 млн. $ тавофуқ ҳосил шуд», – гуфт ӯ.


