Тоҷикистон ба кӯмаки таъҷилӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан Тоҷикистон дар қатори 32 кишвари дигари ҷаҳон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ба кӯмаки таъҷилии байнулмилалӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ бо истинод ба Барномаи ғизо ва кишоварзии созмон хабар медиҳад. «Зимистони сард, мизони нокофии намнокӣ ва камбуди об барои обёрӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан Тоҷикистон дар қатори 32 кишвари дигари ҷаҳон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ба кӯмаки таъҷилии байнулмилалӣ бо маводи ғизоӣ ниёз дорад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ бо истинод ба Барномаи ғизо ва кишоварзии созмон хабар медиҳад.




«Зимистони сард, мизони нокофии намнокӣ ва камбуди об барои обёрӣ ба он оварда расониданд, ки ҳосили зироати ғалладона дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон аз сатҳи миёнаи солона хеле камтар шуд», – иттилоъ медиҳад Казинформ бо истинод ба гузориши Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ.



Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи январ

д

ар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки вазъи таъмини ғизо дар бозорҳои ҷумҳурӣ мӯътадил аст ва ҳеҷ мушкилоти марбут ба таъмини аҳолии кишвар бо маводи аввалияи ғизо вуҷуд надорад. Ғ.Бобозода ёдоар шуда буд, ки истеҳсоли зироати ғалладона дар соли 2008 дар ҷумҳурӣ 942,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки барои Тоҷикистон ҳосили рекордӣ буда, гузашта аз ин, беш аз 500 ҳазор тонна орд ва 250 ҳазор тонна зироати ғалладона аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Ӯ гуфт, нархи орд дар муқоиса бо тобистони соли гузашта 40 дарсад поин рафтааст ва агар соли гузашта барои ташкили захираҳои давлатии орд 20 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли равон ин рақам ба 50 млн. сомонӣ расидааст. «Ғайр аз ин бо Қазоқистон ҷиҳати ворид кардани зироати ғалладона ба маблағи 4 млн. $ тавофуқ ҳосил шуд», – гуфт ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.