Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пунбадонаро дар шабакаи ягона ба роҳ монданист.
Тавре сардори раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии вазорат Султон Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, феълан фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар талаботи соҳаи пахтакориро қонеъ намесозад ва коршиносон аз сифати тухмии тайёркардаи хоҷагиҳо қаноатманд нестанд.
Ба гуфтаи оқои Давлатов, ҳамагӣ 35 дарсади тухмии пунбадонаи барои мавсими киштукори имсола омодагардида хушсифатанд. Вазъи ғайриқаноатбахши соҳаро намояндаи вазорат ба мавҷуд набудани мутахассисони соҳибкасб ва бекор кардани чанде аз имтиёзот марбут медонад. «Тамоми вилояту навоҳӣ ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз вазорат дархост намуданд, ки тарзи фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ тағйир дода шавад ва айни замон бо супориши муовини сарвазир дар ҳамаи 38 хоҷагии тухмипарвар барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад, – гуфт ӯ. – Ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвари пунбадона дар як шабакаи воҳид ба нақша гирифта шудааст».


