ҲСДТ оид ба бекор кардани гаравпулӣ барои иштирок дар интихобот ташаббус зоҳир месозад

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ се тарзи мавқеъгирии худро баррасӣ мекунад. Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар шӯрои сиёсии ҳизб пешниҳод шудааст, интихоботро мебояд ё шадидан таҳрим намуд ва ё умуман дар он ширкат наварзид ва чунин мавқеъгирӣ бар он […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ се тарзи мавқеъгирии худро баррасӣ мекунад.




Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар шӯрои сиёсии ҳизб пешниҳод шудааст, интихоботро мебояд ё шадидан таҳрим намуд ва ё умуман дар он ширкат наварзид ва чунин мавқеъгирӣ бар он асос ёфтааст, ки дар ҷумҳурӣ барои ба таври қонунӣ баргузор кардани интихобот имкону шароит мавҷуд нест. «Гузашта аз ин, гаравпулие, ки ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, монеъаи аслӣ барои иштирок дар интихобот мебошад», – гуфт ӯ.



Р.Зойиров мегӯяд, аксари иштирокдорони Шӯрои сиёсии ҳизб исрор бар он намуданд, ки мебояд дар интихобот иштирок кард, зеро интихоботи қарибулвуқӯъ барои ҷумҳурӣ тақдирсоз аст ва аз натиҷаи он масъалаи суботи вазъи кишвар ва некӯаҳволии мардум вобаста хоҳад буд. «Феълан мо натанҳо бо бӯҳрони сохторӣ дар дохили кишвар, балки бо бӯҳрон дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ низ дучор гаштаем, зеро рӯйдодҳои ахир нишон доданд, ки ҳукумати мо намедонад бо кӣ ҳамкориро ба роҳ монаду кадом самтро интихоб созад ва чунин вазъ дар сиёсати хориҷӣ ба он марбут аст, ки нуқтаи такягоҳии устувор мавҷуд нест», – афзуд раиси ҲХДТ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.