Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ масоили пешгирии ҳодисаҳои ришвахорӣ баррасӣ гардиданд

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов масоили пешгирии ҳодисаҳои ришвахорӣ баррасӣ гардиданд. Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Раҳмонов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он равона сохтааст, ки на ҳамаи роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои тиббӣ ҳисси масъулияти худро дар […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов масоили пешгирии ҳодисаҳои ришвахорӣ баррасӣ гардиданд.




Тавре аз вазорати мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Раҳмонов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба он равона сохтааст, ки на ҳамаи роҳбарону сармуҳосибони муассисаҳои тиббӣ ҳисси масъулияти худро дар сатҳи зарурӣ дарк месозанд. «Аз ин рӯ, мақомоти раҳбарии вазорат ният дорад, бо ҳар як раҳбару сармуҳосиби муассисаҳои тиббӣ сӯҳбатҳои инфиродӣ барпо сохта, аз фаъолияти онҳо натиҷагирӣ намояд», – гуфтааст С.Раҳмонов.



Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми ҷаласа ба ҳамаи сардорони раёсати тандурустии манотиқи кишвар ва пойтахт ҷиҳати роҳ надодан ба ҳодисаҳои ришваситонӣ супоришоти мушаххас дода шуд. Ҳамчунин шахсони масъули дастгоҳи марказии вазорат вазифадор карда шуданд, ки истифодаи мақсадноки воситаҳои ҷудогардидаи буҷаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.