Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории сохтмони нақби «Чормағзак» бо «Эксимбонк»-и Чин гуфтушунид дорад

            Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории сохтмони нақби «Чормағзак» бо Бонки содироту воридоти «Эксимбонк»-и Чин гуфтушунид дорад.             Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникастсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки бонки мазкур барои сохтмони нақб ба маблағи 46 млн. $ қарзи дарозмуддат ҷудо месозад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории сохтмони нақби «Чормағзак» бо Бонки содироту воридоти «Эксимбонк»-и Чин гуфтушунид дорад.





           

Тавре аз Вазорати нақлиёт ва коммуникастсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки бонки мазкур барои сохтмони нақб ба маблағи 46 млн. $ қарзи дарозмуддат ҷудо месозад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ асноде миёни ҷонибҳо ба имзо нарасидааст.



Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2007 зимни сафари президенти Тоҷикистон ба Эрон миёни кишварҳо оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони нақби «Чормағзак» Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Он замон пудратчии сохтмон ширкати эронии «Собир интернейшнл» интихоб гардида, қарор шуда буд, ҳукумати Эрон ҷиҳати татбиқи он 55 млн $ ҷудо мекунад, вале дертар дар вазорати нақлиёт изҳор доштанд, ки сохтмони иншоот танҳо пас аз муайян кардани арзиши ниҳоии лоиҳа шурӯъ хоҳад шуд.



Ба лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, ки дар сохтмони он ширкати чиноӣ машғул аст, ҳамчунин лоиҳаи сохтмои нақби «Чормғзак» низ шомил аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.